Ҳушдори варшикастагии ду ширкати мобилии Тоҷикистон

Хадамоти назорат ва танзими соҳаи алоқаи Тоҷикистон аз эҳтимоли дар рӯзҳои наздик муфлис эълон шудани ду ширкати мобилии кишвар – «М-Теко» ва «Телеком Инк», ё «Скайтел» иттилоъ дод. Намояндаи хадамот гуфт, ин ду ширкат аз иддае вазорату идораҳои Тоҷикистон қарздор шудаанд. Феълан дар Тоҷикистон 9 ширкати телефонҳои ҳамроҳ ё мобилӣ фаъолият мекунад ва тибқи иттилоъи расмӣ, теъдоди умумии муштариёни ин ширкатҳо аз марзи 5 миллион нафар гузаштааст.