Варзишкори 21-солаи тоҷик Мақсад Ҷабборов дар сабқати байнулмилалии киксбоксинг, ки дар шаҳри Орландои аёлати Флоридаи Амрико баргузор гашт, пирӯз омада, ба нишони тило ва унвони қаҳрамони ҷаҳон ноил гашт. Ҷабборов дар мусобиқаи варзишгарони то 60 килограм дар бозии ниҳоӣ намояндаи Бразилро шикаст дод.