Идомаи амалиёти наҷот дар Покистон ва Афғонистон

Амалиёти наҷоти офатзадагони яке аз бузургтарин обхезиҳои минтақа дар Покистон ва Афғонистон, ки бар асари он зиёда аз 800 нафар кушта шудаанд, идома дорад. Созмони Милали Муттаҳид мегӯяд, обхезиҳои мавсими боронҳои сел ба беш аз 1 миллион нафар осеб расонидааст. Артиши Покистон, ки ба амалиёти наҷот дар ин кишвар раҳбарӣ мекунад, мегӯяд, зиёда аз 19 000 нафарро ба ҷои амн кӯчонидааст. Сухангӯи артиш, генерал майор Ахтар Аббос гуфтааст, масоҳати офат он қадар бузург аст, ки шумораи комили осебзадагон ва мизони тахриб ҳанӯз дақиқ нашудааст.