Шуморе аз афғонҳо баъд аз садамаи як мошини НАТО бо мошини сабукрав ва ҳалокати чанд сарнишини он дар назди Сафорати Амрико дар Кобул даст ба беназмиҳо заданд. Шабакаҳои телевизионӣ ба камияш як зиреҳпӯшро дар ҳоли сӯхтан ва ҷавонони афғонро дар ҳоли сангандозӣ ба он намоиш доданд. Ҳарбиёни НАТО мегӯянд, як нерӯи вокуниши сареъро ба ҷои воқеа дар наздикии пойгоҳҳои ҳарбии Иёлоти Муттаҳида ва Афғонистон дар маркази шаҳр фиристоданд. Сухангӯи Вазорати умури дохилии Афғонистон, Змарай Баширӣ тасдиқ кард, ки як мошини НАТО ба садама дучор шудааст. Шоҳидон мегӯянд, чаҳор сарнишини мошини ғайринизомӣ дар ҳоле кушта шуданд, ки аз ду як мошини ҳарбӣ ба он бархӯрд.