Ҳалокати 300 нафар дар ярчу сели Покистон

Оғози мавсими боронҳои шадид ва дарозмуддат ба теъдоди кушташудагон дар ярчу обхезии Покистон афзудааст. Бино бар хабарҳо, дар се рӯзи гузашта зиёда аз 300 нафар дар селу ярч ба ҳалокат расидаанд. Вазири аршади вилояти Хайбар-Паштунхваи Покистон, Башир аҳмад Булӯр гуфт, танҳо дар ин виляот 136 нафар кушта шудаанд. Вай ҳамчунин гуфт, зиёда аз 30 000 нафар аз манзили худ маҳрум шудаанд. Минтақаҳои дигари Покистон низ дар ярчу обхезиҳо даҳҳо қурбонӣ додаанд. Артиши Покистон дар ин манотиқ амалиёти наҷотро шурӯъ кардааст.