Эрон мегӯяд, омодаи гуфтушунидҳои ҳастаӣ бо Ғарб аст

Раиси бунгоҳи нерӯи ҳастаии Эрон мегӯяд, кишвараш омодааст, дар рӯзҳои наздик бо Иёлоти Муттаҳида, Русия ва Фаронса дар мавриди табодулаи сӯхти ҳастаӣ гуфтушунид кунад. Алиакбар Солеҳӣ гуфтааст, Теҳрон ҳамчунин омодааст, дар рӯзҳои оянда бо тарафҳои дигар низ вориди музокира шавад. Изҳороти Солеҳӣ дар ҳоле садо медиҳад, ки кишварҳои Ғарб бо эълони тарҳимҳои нави зидди барномаи ҳастаии Эрон, хостори гуфтушунид дар моҳи сентябранд. Охири май Эрон бо Бразил ва Туркия созишеро дар бораи табодулаи сӯхт имзо карда буд, аммо қудратҳои ҷаҳонӣ хостори гуфтушунид аз ҳамаи ҷанбаъҳои барномаи ҳастаии Эронанд.