Бунёди маориф, илм ва фарҳанги Созмони Милал ё Юнеско дар нишасти навбатии хеш дар Бразил, ду макони Гурҷистон -- калисои Багратӣ дар шаҳри Кутоисӣ ва дайри Гелатӣ дар наздикии Тифлисро ба феҳрасти "Мероси зери хатари ҷаҳон" ворид кард. Намояндаи Юнеско, Сю Вилёмс мегӯяд, ҳукумати Гурҷистон тасмим гирифтааст, 60 дарсади калисои Багратиро тармим кунад ва онро мавриди истифода қарор диҳад. Дар ҳамин ҷаласа, ки то 3-юми август идома мекунад, пешниҳодҳои Тоҷикистон бобати шомил кардани Боғи миллии кишвар дар кӯҳҳои Помир ва шаҳри бостонии Саразм ба номгӯи мероси табиӣ ва фарҳангии ҷаҳон баррасӣ хоҳад шуд. Тоҷикистон, Кирибатӣ ва Ҷазираҳои Маршал танҳо се кишвари ҷаҳонанд, ки ба ҳеҷ яке аз рӯихатҳо шомил нестанд.