Истеъфои раиси Шӯрои ҳуқуқи инсони Русия

Раиси Шӯрои ҳуқуқи инсон ва мусоидат ба ҷомеаи шаҳрвандии назди раёсатҷумҳурии Русия, Элла Памфилова, аризаи истеъфои худро ба президенти Русия, Дмитрий Медведев пешниҳод кардааст. Дар ҳоле ки Памфилова аз шарҳи ин иқдоми хеш худдорӣ кардааст, гуфта мешавад, истеъфои ӯ ғайриинтизор сурат мегирад. Вале худи Памфилова, гуфтааст, ин тасмими хусусии ӯ буда, зери фишори ҳеҷ касе иттифоқ наафтодааст. Вай мегӯяд, ҳадаф дорад, умуман риштаи фаъолияташро иваз кунад ва аз сиёсат ва хадамоти давлатӣ канор гирад. Памфилова аз соли 2004 дар ин мақом кор мекард ва истеъфояш як рӯз баъд аз имзо шудани қонуни наве сурат мегирад, ки ба хадамоти амнияти Русия салоҳиятҳои густарда медиҳад.