Як гурӯҳи 7-нафарии мусаллаҳи қочоқчиёни афғон дар мавзеи Назарайвони ноҳияи Ҳамадонӣ, ҷануби Тоҷикистон, як сокини ин ноҳияро кушта, дубора ба он сӯи марз фирор кардаанд.
Тибқи иттилои мақомоти интизомии маҳаллӣ Баҳриддин Одинаев, нафари кушташуда, сокини деҳаи Пахтакори ҷамоати қаҳрамони ноҳияи Ҳамадонӣ буда, қаблан бо моддаи 200-и Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир зиндонӣ буд ва соле қабл бо адои мӯҳлати ҷазо ва тадбиқи «Қонуни авф» аз зиндон раҳо шуд.
Моҳе қабл бар асари даргирии марзбонон бо қочоқчиён дар мавзеи Ёли ноҳияи Шӯрообод 2 қочоқчӣ кушта шуда, аз онҳо ба миқдори 118 килограм маводи мухаддир мусодира гардида буд. Таи 6 моҳи ахир дар ин ноҳия 8 нафар қочоқчиён кушта гардидааст.
Ин ҳам дар ҳолест, ки феълан ба қавли як манбаъ аз мақомоти интизомӣ, ки аз ифшои ном худдорӣ кард, дар мавзеи Шпилови ноҳия Шӯрообод гурӯҳҳои мусаллаҳи қочоқбари афғон барои амали кардани аҳдофи номаълум, ҷой гирифтаанд.
Қотил: «Саттор пойлучи афғон»
Мақомоти интизомии маҳаллӣ мегӯянд, гурӯҳи иборат аз 7 нафар қочоқчии афғон Баҳриддин Одинаев, сокини ноҳияро дар ҳузури даҳҳо шоҳид ҳадафи тир қарор дода, гуфтаанд, ки ӯ аз онҳо ба миқдори 18 ҳазор доллари амрикоӣ аз фурӯши маводи мухаддар қарздор буда, дар баргардонидани қарз таъхир мекунад.
Ин ҳам дар ҳолест, ки тибқи иттилои расмӣ ин сокини ноҳия қаблан бо моддаи 200-и Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир маҳбасӣ будааст.
Ҳангоми шаҳодат низ шоҳидон ба мақомоти интизомӣ гуфтаанд, ки қочоқчиён пас аз парронидани Баҳриддин ба онҳо таъкид кардаанд, то ба пайвандони мақтул бирасонанд, ки қотили наздикашон «Саттор пойлучи афғон» аст. Ва қочоқчиён аз ин мавзеъ ба самти номаълум ғайб заданд. Феълан мақомоти интизомӣ дар маҳаллӣ ҳодиса қарор дошта, ин ҳодисаро таҳқиқ мекунанд.
Куштори сокини ноҳияи Ҳамадонӣ аз ҷониби қочоқчиён дар ҳолест, ки сокинони Шӯрообод, ноҳияи дигари наздимарзӣ дар ҷануби Тоҷикистон аз афзоиши теъдоди қочоқчиёни афғон дар мавзеҳои наздимарзӣ хабар медиҳанд.
Шикояти шӯроободиҳо
Раҳим Назаров, сокини як деҳаи наздимарзии ин ноҳия мегӯяд, «шумораи афғонҳои силоҳбадаст, хеле зиёд шудааст, ки ҳаногоми чидани зираву писта мо онҳоро мебинем, вале ба мо кор надоранд».
Чунин гуфтаҳои сокинони ноҳияи Шӯроободро як манбаъ аз мақомоти интизомӣ бо шарти ифшо нашудани ном тасдиқ кард. Ба қавли ӯ, феълан дар мавзеи Шпелови ноҳияи Шӯрообод 13 гурӯҳи мусаллаҳи қочоқчиёни афғон, ки тақрибан 200 нафарро ташкил медиҳанд, мушоҳида мешавад.
Ин дар ҳолест, ки тобистони соли гузашта дар паи як амалиёти муштараки нерӯҳои интизомӣ беш аз ду сад қочоқчӣ ба он сӯи марз ронда шуда, инчунин миқдори зиёди маводи мухаддир ва силоҳ аз онҳо мусодира гардида буд. Аламхон Раҳамтов, сардори қисми сарҳадот дар ноҳияи Шӯрообод соли гузашта аз як амалёти мувафақ бар зидди кочоқчиён сӯҳбат карда буд.
Ӯ гуфта буд, ки «дар паи амалёт 30 ҳазор гектор замин озод шуд, ки қочоқчиён дар он ҷо 5 ҳазор ниҳоли банг шинонида буданд».
Ба тахмини коршиносон эҳтимол ин гурӯҳ ҳамон гурӯҳе бошад, ки соли гузашта ба он сӯи марз пеш шуда буд.
Аммо сокинони ноҳия мегӯянд, бо ин вуҷуд вазъи марз дар қиболи даҳ соли қабл хубтар аст. Азизмад Наимов, як омӯзгор, сокини ин ноҳия мегӯяд, замоне, ки умури марзбониро русҳо ба душ доштанд, солее набуд, ки то даҳ сокини осоишта ҳангоми заду хурди русҳо бо қочоқчиён кушта нашавад, вале ба гуфтаи ӯ феълан вазъ то ин ҳад бад нест. Ӯ мегӯяд, бо он иқтидори низомие, ки русҳо аз ӯҳдаи марзбонӣ намебаромаданд, бояд ба марзбонони тоҷик ташаккур гуфт, ки бо душворӣ марзро то ҳади лозим ҳифз мекунанд.
Моҳе қабл бар асари даргирии марзбонон бо қочоқчиён дар мавзеи Ёли ноҳияи Шӯрообод 2 қочоқчӣ кушта шуда, аз онҳо ба миқдори 118 килограм маводи мухаддир мусодира гардида буд. Таи 6 моҳи ахир дар ин ноҳия 8 нафар қочоқчиён кушта гардидааст. Соли гузушта теъдоди кочоқчиён кушташуда ба 10 нафар мерасид.