Эмин Бадалов, хабарнигори нашрияи мухолифини Озарбойҷон “Йенӣ Миллат” ҳамроҳ бо хабарнигори нашрияи “Миллӣ Ёл” Анор Герайлӣ дар ҳошияи Боку ҳадафи ҳамла қарор гирифтааст. Онҳо дар ин минтақа акси қасрҳои мӯҳташамро мегирифтанд, ки чанд нафар болояшон ҳамла оварда, ҳарду хабарнигорро латукӯб мекунанд.
Бадалов дар бораи қасрҳое, ки ба вазири нақлиёти Озарбойҷон Зиё Мамадов тааллуқ доранд, гузориш менавишт.
Аммо ҳамлагарон дастгоҳи аккосии ӯро гирифта, аксҳои бардоштаашро нобуд кардаанд. Ҳамлагарон ҳарду хабарнигорро дар тӯли беш аз 3 соат раҳо намекунанд. Вазорати умури дохилаи Озарбойҷон гуфтааст, дар сурати ироаи шикояти расмӣ ин қазияро таҳқиқ хоҳад кард.