Намоишгоҳи роботҳо дар Токио, пойтхати Ҷопон, таваҷҷӯҳи ҳазорон нафарро ба худ ҷалб кард. Дар он роботҳое намоиш дода шуданд, ки озодона сӯҳбат мекунанд, ашёи гумшударо меёбанд ва ҳатто бо бачаҳо бозӣ карда метавонанд. Казуйя Китамура, яке аз масъулони намоишгоҳ гуфт, роботҳо метавонанд, сӯҳбати оқилона ва донишмандонае пеш баранд ва ҳаёти махсусан бознишастагони танҳоро рангин кунанд. Онҳо инчунин метавонанд, дар корҳои хона кӯмак расонанд. Ҷопун кишварест, ки теъдоди аз ҳама зиёди солмандонро дорад. Бино бар пешбиниҳои ҳукумати Ҷопон дар соли 2050 афроди аз 65-сола боло 40 дарсади аҳолиро ташкил хоҳанд дод.