Изҳори таслияти Бан Кӣ Мун ба Покистон

Дабири кулли СММ Бан Кӣ Мун дар як номаи таслият ба сарвазири Покистон Юсуфризо Гелонӣ дар робита ба ҳалокати 152 сарнишини ҳавопаймои дирӯз дар Исломобод суқуткарда гуфт, аз ин фоҷиа “сахт андӯҳгин” шудааст.
Давлати Покистон имрӯз ба ёди қурбониёни ин сониҳа, ки пурқурбонитарин сониҳаи ҳавоӣ дар Покистон дониста мешавад, рӯзи мотами миллӣ эълон кардааст.
Ҳавопаймои Airbus 321, ки ба ширкати хусусии покистонии Airblue тааллуқ дошта, дар масири Карочӣ -Исломобод парвоз анҷом медод, рӯзи чоршанбе дар шароити абру боришоти шадид дар ҷангалзорҳои теппаҳои Марғула, дар наздикии Исломобод суқут кард. Мақомот мегӯянд, иллати сониҳа ғолибан обуҳавои номусоид буд, вале таҳқиқи қазия ҳанӯз идома дорад.