Як намояндаи аршади вазорати хориҷаи Амрико гуфт, Қирғизистон бояд нигарони талошҳои ҷангиёни исломӣ дар Афғонистон бошад, ки мехоҳанд тавассути Тоҷикистон вориди қисматҳои ошӯбзадаи ҷануби ин кишвар шаванд. Роберт Блейк, ёвари вазири хориҷаи Амрико дар умури кишварҳои Осиёи Марказиву Ҷанубӣ, дирӯз дар ҷараёни баррасиҳо дар Куммиссиюни Ҳелсинкии Амрико чунин изҳори назар кард. Арслон Анорбоев, раҳбари муваққати сафорати Қирғизистон дар Вошингтон афзуд, ки “ҷануби кишвар дар баробари тундгароии исломӣ хеле осебпазир аст.” Блейк, ки ҳафтаи гузашта аз Қирғизистон дидан кард, гуфт, Русия метавонад дар бархе масоили марбут ба амнияти марзҳо ба ин кишвари Осиёи Марказӣ кӯмак бирасонад.