Шиноснома, шаҳодатномаи хидмати ҳарбӣ дар Афғонистон ва дафтари қайдҳои мутааллиқ ба Муссалам Анваров, сармутахассиси шӯъбаи саноат, нақлиёт ва кишоварзии вилояти Бадахшон, ки ба таври асроромез 23-юми июн ҳангоми сафари хадматӣ дар ноҳияи Дарвоз ғайб зад, дар лаби руди Хумбов ёфт гардиданд.
Дар ин бора ба Радиои «Озодӣ» навбатори шуъбаи корҳои дохилаи ноҳияи Даврвоз Идибек Ғозиев иттилоъ дод.
Ба гуфтаи корманди шӯъбаи корҳои дохила ашёҳои мазбурро, ки 250 - 300 метр дуртар аз чорроҳаи маркази ноҳия, дар самти роҳ ба сӯи ағбаи Хобурубот лаби дарё гузошта шуда буданд, бачаҳои хурдсол ҳангоми оббозӣ дида, ба милиса хабар доданд.
Дар Бадахшон ҳодисаҳои ғайб задании одамон қаблан низ рух доданд, аммо ғайбзании пурасрори масъули ҳукумати Бадахшон, аз он лиҳоз боиси таваҷҷӯҳ ва сару садои бештар қарор гирифт, ки дар рӯзи ташрифи президенти кишвар ба ноҳия ба вуқӯъ пайвастааст.
Мақомот ҳанӯз қазияро таҳқиқ мекунанд
Сармутахассиси шуъбаи ҳукумати вилоят дар ҳоле ғайб зад, ки ба гуфтаи намояндагони мақомботи вилояти супориши тақсмими сузишвориро ба мақомоти маҳаллӣ дар навоҳии поёнии вилоят пурра иҷро кардааст ва азми бозгашт ба Хоруғро доштааст.
Аммо мақомоти дохила то ба ҳол аз пешниҳоди ҳар гуна фарзияи ғайб задан ва ёфт шудани ашёи марбут ба сармутахассиси ҳукумати вилоят ҳуддорӣ меварзанд ва мегӯянд, ки қазияро таҳқиқ мекунанд.
Вале намояндагони мақомот дар сӯҳбатҳои ғайрисрасмӣ бо истинод ба вазъи душвори хонаводагӣ ва ҳолати рӯҳии кормандашону эҳтимолияти дар ҳолати сархушӣ қарор доштан мегӯянд, ки ба боварашон корманди онҳо шояд худро ба об партофта бошад.
Вале хешовандони Мусаллам Анваров ба фарзияи даст ба худкушӣ задан бо усули худро дар об ғарқ кардан розӣ нестанд.
"Ӯ худро ба об наандохтааст"
Ба гуфтаи Сабзина Раҷабова, завҷаи қонунии Мусаллам Анваров вай зиндагиро дӯст медошт ва барои худро ба об партофтан ба сафари хидматӣ намебаромад.
Ба гуфтаи Сабзина, аммо Мусаллам шахсе буд, ки тез вориди баҳс мешуд ва кӯшиш мекард, ки ақидаашро дар ҳар ҳолат ҳимоя кунад ва бо роҳбарияташ низ мушкилот доштааст.
Ба ақидаи вай аз эҳтимол дур нест, ки оқибати мубоҳиса бо нафаре ва ё гурӯҳе ба фоҷеа барои шавҳараш анҷом шуда бошад.
Ба фикри сокини шаҳри Хоруғ Алим Шерзамонов, сармутахассиси ҳукумати вилоят бар асри тасодуф, худкушӣ ва ё куштор ғайб задааст, ба ин суол мақомоти тафтишоти ҷавоб хоҳад гуфт.
Аммо ӯро чизи дигар нигарон сохтааст, ки ҳодиса дар рӯзи оғози тантанаҳо бахшида ба Рӯзи ваҳдати миллӣ ва ташрифи президенти кишвар ба ноҳияи Дарвоз рух дода, шояд афроде аз он бохабар бошанд, аммо ба хотири тира насохтани авзоъи идона ба даҳон об гирифтанд ва ҳодиса ба асрор табдил гардид.
Аммо коршиносон мӯътақиданд, ки пас аз як моҳ лаби руди Хумбов пайдо шудани ашёҳои мутааллиқи шахси ғайбзада худ асрори дигар аст, аммо барои кушодани нӯги чигили асрори дар рӯзи равшан ғайбзании корманди ҳукумати вилоят имонияти бештаре медиҳад.