Ожонсии омори Тоҷикистон дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе ба рӯзноманигорон гуфт, шумораи аҳолии Тоҷикистон то 1-ӯми апрели соли 2010 7 миллиону 562 ҳазор нафарро ташкил кардааст. Соли 1929 аҳолии Тоҷикистони кунунӣ 1 миллиону 100 ҳазор нафарро ташкил медод. Аммо дар соли 1979 ин шумора ба 3 миллиону 800 ҳазор нафар расид. Бино ба маълумоти Ожонсии омори Тоҷикистон аз соли 1999 то моҳи апрели соли ҷорӣ аҳолии Тоҷикистон 1 милдлиону 200 ҳазор нафар афзоиш ёфтааст. СММ пешбинӣ кардааст, ки то соли 2025 шумораи аҳолӣ дар Тоҷикистон ба 11,8 миллион нафар хоҳад расид.