Вазорати дифои Амрико гуфтааст, "ҳафтаҳо" зарур аст, то пайомадҳои ифшои ҳудуди 91 000 сабти низомӣ таъйин шавад. Пентагон гуфтааст, саъй хоҳад кард, то бар зарари ин дарзи иттилоъот аз сӯи вебсайти WikiLeaks дастрасӣ пайдо кунад. Дейв Лепен-сухангӯи вазорати дифои Амрико гуфт, мақомоти расмии ин кишвар асноди мазкурро бори дигар мебинанд, то муайян кунанд, ки "сарчашмаҳо ошкор шудаанд ё шеваи кор" ва он метвонад ҳаёти шаҳрвандони Амрико ва афроди нируҳои эътилофро дар хатар бигзорад. Аммо вай ифшои ин аснодро "кори ҷиноӣ" арзёбӣ кард. Кохи Сафед мегӯяд, дар ин дарзи иттилоъот номҳо, амалиёти низомӣ, фаъолиятҳои ақибгоҳ ва манобеи зидахли ҷанги Амрико ва нируҳои эътилоф дар Афғонистон ифшо шудаанд.