Вокуниши Эрон ба таҳримҳои нави ИА ва Канада

Имрӯз вазорати хориҷаи Эрон гуфт, ки "аз бастаи нави таҳримҳои шадиди Иттиҳодияи Аврупо амиқан муттаассиф ва нигарон аст". Иттиҳодияи Аврупо ва Канада дар талоше барои пешгирӣ аз барномаҳои зиддунақизи ҳастаии Эрон таҳримҳои шадидтар ҷорӣ карданд. Ба таҳримҳои Иттиҳодияи Аврупо ва Канада пешгирӣ аз ҳамкорӣ бо бонкҳои Эрон ва пешгирӣ аз сармоягузорӣ дар бахшҳои нафту газ ба шумули полоиш дохил мешавад. Лоуренс Каннон-вазири хориҷаи Канада гуфт, ба тадбирҳои нави кишвараш манъи сармоягузориҳои нави Канада дар бахшҳои нафту гази Эрон дохил мешавад. Иттиҳодияи Аврупо мегӯяд, ҳадафи таҳримҳои ахири зидди Эрон ин аст, ки ин кишвар роҷеъ ба ғанисозии урани худ дубора ба музокира баргарадад.