Боз ҳам тангтар шудани ҳалқаи таҳримоти зидди Эрон

ИА ва Канада ба манзури мамониат ба барномаҳои баҳсбарангези ҳастаии Эрон алайҳи бахши энержии ин кишвар таҳримоти шадидтар ҷорӣ карданд. Ин таҳримот тадобире, чун пешгирӣ аз муомила бо бонкҳои Эрон ва сармоягузорӣ ба риштаҳои нафту гази он кишвар, аз ҷумла ба соҳаи тасфияи нафтро дар бар мегирад. Вазири хориҷаи Канада Лоуренс Кеннон гуфт, таҳримоти нави кишвараш ҳар навъ сармоягузории ҷадиди Канада ба риштаҳои газу нафти Эронро манъ мекунад. ИА пушти мизи музокироти фаъолиятҳои ғанисозии ураниумаш баргардондани Эронро ҳадафи таҳримоти нав номид. Аммо Алиасғар Султония, фиристодаи Эрон дар Ожонси назорати нирӯи ҳастаӣ гуфт, ки Теҳрон омода буд “бидуни қайду шарт” ба музокироти таъмини маводи сӯхташ баргардад.