Аҳолии Тоҷикистон беш аз 7,5 миллион шудааст

Шумори аҳолии Тоҷикистон то 1 апрели соли ҷорӣ 7 миллиону 562 ҳазор нафарро ташкил додааст. Ба ҳисоби Ожонси давлатии омор, танҳо дар семоҳаи аввали соли 2010 дар Тоҷикистон 53 300 кӯдак дида ба ҷаҳон кушода, 8200 нафар, бо шумули тақрибан 800 кӯдаки зери яксола ба зиндагӣ падруд гуфтаанд. Соли 1929 дар Тоҷикистон ҳамагӣ 1,1 миллион ва соли 1979 3,8 миллион нафар ба сар мебурд. Фақат аз соли 1999 ба ин сӯ аҳолии Тоҷикистон ба 1 миллиону 200 ҳазор нафари дигар афзудааст. Бино бар пешбинии коршиносони СММ, ҷамъияти Тоҷикистон то соли 2025 11,8 миллион нафар хоҳад шуд.