Таркиш дар назди хонаи як вазири Покистон

Бар асари инфиҷор дар назди манзили вазири ҳукумати вилоятии Покистон ҳафт раҳгузар кушта ва 25 тани дигар захмӣ шудаанд. Гуфта мешавад, вазири иттилооти вилояти Хайбар-Пахтунхва, Миён Ифтихор Ҳусайн ҳадафи сӯиқасд буд, ки ҳамчун мунаққиди шадидуллаҳни Толибон шӯҳрат дорад. Замони таркиш вай дар манзилаш набуд ва эмин монд. Толибони Покистон масъулияти ҳамларо бар дӯш гирифтанд. Рӯзи шанбе мусаллаҳони номаълум писари ӯ Рашид Ҳусайнро ба қатл расонданд.