Вазирони умури хориҷии Иттиҳоди Аврупо бастаи нави тарҳимҳои зидди Эронро расман ба тасвиб расонданд, ки тиҷорати хориҷӣ ва бахшҳои бонкиву энержии Эронро ҳадаф қарор додаанд. Чораҳои нав, ки бар зидди барномаи ҳастаии Эрон равона шудаанд, дар чанд ҳафтаи оянда, баъд аз интишорашон дар рӯзномаи расмии Иттиҳоди Аврупо эътибор пайдо хоҳанд кард. Сарпарасти Вазорати умури хориҷии Белгия, Стивен Ванакре имрӯз дар Бруссел ба хабарнигорон гуфт:
"Мо мехоҳем Эронро водор кунем, ки ба сари мизи гуфтушунид баргардад. Ин мавзеъгирии маълуми мост, ки бо муколама мушкилро ҳал кунем. Вале ҳамзамон ва аз он ҷо ки ин як раванди дугона аст, агар муколама номумкин аст, таҳримҳо метавонанд зарур бошанд."
Маҳдудиятҳои нави аврупоӣ шабеҳи таҳримҳои ахири Иёлоти Муттаҳида буда, афрод ва ниҳодҳоро, ки ба барномаҳои ҳастаӣ ва мушакии Эрон кӯмак мекунанд, мавриди ҷазо қарор медиҳад. Ин таҳримҳо бар пояи таҳримҳои ахир Шӯрои Амнияти Созмони Милал тартиб ёфтаанд.