Парлумони Сербистон дар ин ҳафта ҳукми Додгоҳи байналмилалиро, ки эълони якҷонибаи истиқлолияти Косово дар феврали соли 2008-умро муноқиз бо қонунҳои байналмилалӣ надонист, ба баҳс хоҳад кашид. Иҷлосияи изтирории парлумон ба рӯзи 26 июл муқаррар шудааст. Приштина аз қарори Додгоҳи байналмилалӣ гарм истиқбол кард, вале сиёсатмадорони серб мегӯянд, ки истиқлолияти Косоворо ҳеҷ гоҳ нахоҳанд пазируфт. Сербистон гуфтааст, баҳси истиқлолияти Косоворо ба иҷлоси ояндаи Маҷмаи умумии СММ хоҳад кашонид. Аммо сарвазири Косово Ҳошим Тоҷӣ дирӯз гуфт, ҳукми Додгоҳи байналмилалӣ бояд Белградро ба ҳуш биорад.