Вазорати дифои Иёлоти Муттаҳида ду маҳбуси боздоштгоҳи Гуантанаморо ба ихтиёри ҳукуматҳои Испания ва Латвия супурдааст. Ҳувияти ин афрод, ки аллакай ба ин ду кишвар интиқол дода шуданд, ба хотири ҳифзи иттилои хусусии онҳо ва бо дархости ҳукуматҳои пазиранда махфӣ дошта мешавад. Бо ин шумораи маҳбусони Гуантанамо ба 176 нафар расид, дар ҳоле ки ҳангоми сари қудрат омадани президент Обама теъдоди онҳо 245 нафар буд. Дар ин байн сарнавишти охирин тоҷики Гунатанамо Умар Абдуллоев номаълум боқӣ мемонад. Вай хоҳиш кардааст, ба хотири амнияташ ба Тоҷикистон фиристода нашавад.