Дар Туркманистон Ширӣ Гелдимуродов, як муллои шинохта дар зиндон даргузаштааст. Ба гузориши бахши туркмании Радиои Озодӣ, Гелдимуродови 73-сола, ки иллатҳои маргашро эълом накардаанд, моҳи апрел бо се фарзандаш боздошт шуд ва писари чаҳорум ӯро бо гуноҳи “истифодаи нодурусти манобеъи шаҳрии об” ба се соли зиндон маҳкум карданд. Ҷасади Ширӣ Гелдимуродовро рӯзи 20 июл ба хешовандонаш супурдаанд. Бино ба гузоришҳо, мақомоти пулиси Туркманистон зимни амалиёти боздошт дар хонаи рӯҳонии шинохта маводи мухаддир ва силоҳ ёфтаанд, вале наздиконаш мегӯянд, ки ин ҳама аз сохтакорие беш нест ва боздошти ангезаҳои сиёсӣ дорад.