Дидбонгоҳи гумрукии тиҷоратии «Панҷи поён», ки тоза бунёд шудааст, аз лиҳози фанноварии таъминкунандаи амнияти гумрукӣ дар қаламрави кишварҳои Осиёи Марказӣ бесобиқа мебошад.
Дар маросими ифтитоҳи ин иншооти мазкур Кеннет Гросс, сафири Амрико дар Тоҷикистон, гуфт, ин лоиҳа аз ҷониби фармондеҳии марказии вазорати дифои Амрико бо сарфи беш аз 12 миллион доллари Иёлоти Муттаҳида ба иҷро расидааст. Вай афзуд, маҷмааи тиҷоратии нави гумрукӣ бо ҳадафи рушди тиҷорати шаҳрвандон ва таҳкими марзҳои Тоҷикистон барпо шудааст:
«Ин лоиҳа ҳавасмандии Амрикоро барои расонидани кӯмак ба Тоҷикистон дар гирифтани пеши роҳи қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон намоиш медиҳад. Он ба рушди роҳҳои тиҷоратӣ байни шимоли Афғонистон ва ҷануби Тоҷикистон мусоидат мекунад».
Маҷмааи тиҷоратии нави гумрукӣ дар Панҷи Поён аз мавзеъҳои вижаи азназаргузаронии воситаҳои нақлиёт, бунгоҳҳои расмиёти гумрукӣ, бинои маъмурӣ ва хобгоҳу ошхонаҳо иборат мебошад.
Дидбонгоҳи беназир
Неъмат Раҳматов, муовини аввали сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Тоҷикистон, мегӯяд, барои нахустин бор дар Осиёи Марказӣ таҷҳизоти наворгирандаи мавсум ба «Рапискан», ки бидуни тифтиши дохили мошинҳои борбар, метавонад маводи ғайриқонунӣ, назири маводи мухаддирро кашф намояд, дар ин гузаргоҳ насб шудааст:
«Ин таҷҳизоти муосири назоратӣ натанҳо дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон якумин мебошад, балки он дар ягон сарҳади дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки бо Афғонистон ҳамсарҳаданд, вуҷуд надорад. Ба истифода додани гузаргоҳи мазкур, ки бо чунин технологияи муосир васл гардидааст ва ҳамчунин бунёди пули азиме дар рӯйи дарёи Панҷро ҳоло метавон ягона комплекси тиҷоратию нақлиётӣ унвон намуд, ки он метавонад барои густариш ва рушди ҳамкориҳои иқтисодии минтақаи Осиёи Марказӣ бо Афғонистон мусоидат намояд. Ҳамчунин он метавонад барои бо мамолики ҷануб, ҷанубу шарқӣ ва Ховари миёна густариш додани робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ саҳми калидӣ бозад».
Ҷаноби Неъматов афзуд, дар баробари афзоиши мубодилаи молу коло, ҳамчунин эҳтимоли ҳамлу нақли маводи ғайриқонунӣ низ боло меравад. Ду дастгоҳи муосири наворгирандаи мавсум ба «Рапискан», ки ҳар яке азриши баробар ба 3 миллион доллар дорад, метавонад бе тафтиши дастии дохили мошинҳо, мавҷудияти маводи мухаддир ва дигар масолеҳи ғайриқонуниро ошкор созад:
«Бо таваҷҷӯҳ ба ин ки мо дорои таҷҳзоти бисёр муосири назоратӣ дорем, мутмаинам, ки қочоқбарон ҳеҷ шонсе барои ҳамлу нақли маводи мухаддир нахоҳанд дошт ва нодурустии танқидҳои баъзе мақомоти Русия дар мавриди гӯё афзудани мизони қочоқи маводи мухаддир аз марзи Афғонистон ба Тоҷикистон собит хоҳад шуд».
Садди нав дар роҳи маводи мухаддир
Дар ҳамин ҳол, генерал-лейтенанти фармондеҳии марказии ИМА Роберт Ливингстон, мегӯяд, ифтитоҳи дидбонгоҳи нави гумрукии тиҷоратӣ ба коҳиши назарраси мизони қочоқи маводи мухаддир мусоидат хоҳад кард:
Дастгоҳи хатарзо?
Ва аммо ба гуфтаи яке аз масъулони кор бо «Рапискан», ки нахост номаш ифшо шавад, гуфт, таҷҳизоти мазкур аз худ ҳаҷми зиёди радиатсияро хориҷ мекунад ва ба саломатии инсонҳо бисёр хатарзост. Вай гуфт, пас аз тафтиши мошин тавасути «Рапискан», ҳудудан то 5-6 соати дигар радиатсия дар дохили мошин боқӣ мемонад.
Ба гуфтаи Холмаҳмад Исмоилов, яке аз масъулони ширкати муштараки «Оман ва Италяно-Афганское Строителство», муассисаи масъули сохтмони гузаргоҳи тиҷоратии гумрукӣ, «маҷмааи мазкур дар зарфи як соли ахир бунёд гардида, дар умури сохтмонӣ наздик ба 150 сокини маҳаллӣ ширкат доштаанд. Ҳақмузди миёнаи онҳо дар як рӯз аз 25 то 30 сомониро ташкил медодааст».
Шоиззатулло Давлатов, муҳандиси роҳсози гузаргоҳ, мегӯяд, то ин замон агар барои тафтиши мошинҳои борбар дар гузаргоҳ ду-се соат сарф мешуд, бавоситаи фанноварии нав ин кор дар 10 дақиқа ба иҷро хоҳад расид, ки ин метавонад равуои мошинҳо ва доду ситади тиҷоратии миёни Тоҷикистону Афғонистонро бештар кунад.
Тавоноии дидбонгоҳи нав
Гузаргоҳи гумрукӣ рӯзона то 8 соат кор мекунад ва агар то ин замон 10-12 мошини борбар ҳамлу нақл мешуданд, баъди оғози кори гузаргоҳи нав дар 8 соати кори гузаргоҳ беш аз 100 мошини борбар аз ин роҳ интиқол дода хоҳанд шуд. Ҷаноби Давлатов афзуд, дар дидбонгоҳи мазкур ду тарозуи 54-тоннаӣ низ барои боркаш кардани мошинҳо насб шудааст:
«То ин замон мошинҳои бисёри вазнин аз Афғонистон ба Тоҷикистон меомаданд, ки ҳар яке аз 60 то 70 тонна бор меоварданд. Роҳҳои мо тавони бардошти ин мошинҳоро надоранд. Чандин кӯпрук вайрон шуда буданд аз ин сабаб. Мақсад аз насби тарозуҳо ҳам ин аст, ки аз вуруди мошинҳои вазнин ва ба роҳҳои Тоҷикистон зараровар пешгирӣ шавад…»
Лоиҳаи мазкур яке аз ибтикорҳои тоза аз силсилаи кӯмакҳои Амрико дар самти таҳкими бехатарии марзи Тоҷикистон, аз ҷумла сохтмони пули дӯстии Афғонистону Тоҷикистон дар Панҷи Поён, гузаргоҳ сарҳадӣ, постгоҳҳои марзии қад-қади сарҳади Тоҷикистону Афғонистон мебошад.

Роберт Ливингстон, генерал-лейтенанти вазорати дифои Амрико, мегӯяд, таҷҳизоти нав ба коҳиши қочоқи маводи мухаддир мусоидат хоҳад кард
«Баъд аз он ки ҳукумати нави Афғонистон консепсияи мубориза бо қочоқи маводи мухаддирро таҳия ва қабул мекунад, мизони истеҳсол ва қочоқи он ба кишварҳои ҳамсоя ба сурати назаррас коҳиш хоҳад ёфт. Ҳамчунин дидбонгоҳи гумрукии мазкур, ки боза ифтитоҳ шуд ва омӯзишҳои муштараки сарҳадбонони тоҷику афғон метавонад ба коҳиши қочоқи маводи мухаддир мусоидат кунад. Маълум аст, ки Афғонистон солҳои мадид ба истеҳсоли маводи мухаддир машғул аст ва кишварҳои ҳамсарҳади Афғонистон ҳам бо ин мубориза мебаранд. Фикр мекунам, роҳи аслии раҳоӣ аз ин, додани алтернатива ба онҳое, ки дар Афғонистон ба парвариши маводи мухаддир машғул ҳастанд, мебошад, яъне додани имкон барои парвариши дигар маҳсулоти ғизоӣ ба ҷойи бангдонаву мисли ин. Ва ҳамчунин фароҳам овардани имконияти руши тиҷорату ҳамкориҳои иқтисодии Афғонистон бо кишварҳои минтақа, аз ҷумла Тоҷикистон, роҳи ҳалли масъала мебошад».Дастгоҳи хатарзо?