Раисиҷумҳури Русия, Дмитрий Медведев, аз Иттиҳоди Аврупо даъват кард, раводиди сафар бо Русияро лағв кунад. Вай дар ҷараёни сафараш дар Финлонд гуфт, саёҳати озод байни 27 кишвари узви иттиҳод ва Русия як бахши муҳими рушди равобити дуҷониба аст. Иттиҳоди Аврупо мегӯяд, хушунатҳо дар Қафқози Шимолӣ ва марзҳои боз бо ҷамоҳири шӯравии собиқ сабаби баста боқӣ мондани марзҳои иттиҳод бо Русия мебошад.