Михаил Саакашвилӣ-раиси ҷумҳури Гурҷистон пешнависи қонунеро ба порламон фиристод, ки салоҳиятҳои раиси ҷумҳури ояндаро маҳдуд мекунад. Хабаргузории Франс Пресс аз қавли Манана Манҷгаладзе-сухангӯи раиси ҷумҳур навиштааст, ҳадаф аз он иҷоди низоми конститутсионии Аврупост, ки назорат ва тавоуни қудрат беҳтар аст. Тибқи пешниҳодҳои ворида, дар пешнавис салоҳияти раиси ҷумҳур коҳиш ва салоҳияти порламон бештар мешавад. Давраи дуввум ва ниҳоии раёсати ҷумҳурии Саакашвилӣ соли 2013 ба поён мерасад.