Хазинаи роҳ чаро барҳам хӯрд ?

Идораи роҳу нақлиёти Суғд ба ҳукумати Тоҷикистон борҳо пешниҳод кардааст, то ба хотири танзими кори таъмиру тармими роҳҳои нақлиётии кишвар Хазинаи роҳ аз нав барқарор карда шавад.
Мутахассисони раҳдорӣ барҳам хӯрдани Хазинаи роҳро дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ як сабаби аслии харобу фарсуда гаштани роҳҳои нақлиётии кишвар меҳисобанд.

Тошмуҳаммад Ашӯров, сармутахассиси идораи роҳ, нақлиёт ва коммуникатсияи вилояти Суғд гуфт, Хазинаи роҳ замони шӯравӣ аз ҳисоби андози истифодабарандагони роҳ таъсис ёфта, танҳо барои раҳдорӣ масраф мегашт, аммо ҷанги шаҳрванди дар Тоҷикистон ва касри буҷа сабаби барҳам хӯрдани он гардид. Вай афзуд, соли 1996 ин хазина барҳам хӯрд ва давлат андози аз истифодабарандагони роҳро барои нафақа, маоши кормандони соҳаи буҷавӣ пардохт мекунад.

Ба назари Ашӯров, танҳо бо барқарор кардани Хазинаи роҳ ва сарфи андози роҳ танҳо барои раҳсозиву раҳдорӣ вазъи роҳҳои Тоҷикистонро беҳтар кардан мумкин аст. Аммо давлати Тоҷикистон, чунонки дар солҳои ахир ба мушоҳида мерасад, дар роҳсозӣ ва таъмиру тармими роҳҳои нақлиётгарди кишвар умдатан умед ба сармояи хориҷӣ ва маблағи кисаи сокинон бастааст ва ягона роҳи заминии нақлиётӣ байни ҷануб ва шимоли кишварро ба далели пайдо кардани маблағи раҳдорӣ пулакӣ кард .

Андози роҳ ё роҳи пулакӣ?


Аммо иқтисоддонҳо ва коршиносони Суғд бар онанд, ки дуруст нест танҳо аз хориҷ вом ҷуст ва бояд ҳарсола аз буҷа барои роҳҳои нақлиётӣ маблағи муайяне ҷудо карда шавад.

Аюб Эгамов, коршиноси масоили иқтисодии Суғд чунин мегӯяд: Ба назари ман, муҳим ин нест, ки ҳатман Хазинаи роҳ барқарор карда шавад. Муҳимаш ин ки бояд маблағҳои андози роҳ фақат ба раҳдориву раҳсозӣ сарф карда шавад, на барои пардохти нафақаву моҳона.

Аммо Абдулатиф Раҳимов, устоди иқтисодшиноси Донишгоҳи Хуҷанд бар он аст, ки дар шароити тиҳӣ будани хазинаи давлат ҷоиз аст аз рӯи таҷрибаи ҷаҳонӣ қисмате аз роҳҳои нақлиётии кишвари дорои алтернатива ва ба қадри бардошти кисаи сокинон пулакӣ карда, барои раҳдориву раҳсозӣ маблағе ба даст оварда шавад.

Ӯ афзуд, мешавад аз сармояи соҳибкорони маҳаллӣ бо додани имтиёзот ба онҳо дар бозсохти роҳҳо истифода кард.

Идораи роҳи Суғд мегӯяд, ҳарсола ҳудуди 30 миллион сомонӣ маблағи андози роҳ дар вилояти Суғд аз ронандаҳо ҷамъ овардӣ мешавад, аммо он аз буҷа барнамегардад.

Тошмуҳаммад Ашӯров афзуд, мувофиқи меъёри имрӯза барои нигаҳдошти 1 киламетр роҳи нақлиётӣ дар як сол 12 ҳазор муайян шудааст, аммо вазорати молия ба ин хотир зери 1 ҳазор сомонӣ ихтисос медиҳад, ки нокофӣ мебошад .