Аҳолӣ аз соҳаи обанбори Роғун кӯч дода мешавад

Маҳмадамин Маҳмадаминов-вазири кор ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дар нишасти хабарӣ дар Душанбе иттилоъ дод, ки соли ҷорӣ аз соҳаи обанбори ниругоҳи Роғун 453 хонавода ба манотиқи дигар кӯч дода шудаанд. Ба ин хонаводаҳо 1 миллиону 305 ҳазор сомонӣ қарзи боимтиёз дода шудааст. Бино ба нақшаи сохтмони ниругоҳи Роғун, то поёни соли 2010 аз соҳаи обанбори мазкур бояд 907 хонавода ба ҷойҳои дигар кӯч дода шаванд. Онҳо ба вилоятҳои Хатлону Суғд ва Бадахшон фиристода мешаванд.