Талабҳои муҷозоти Қурманбек Боқиев ва пайвандонаш

Наздик ба 50 фаъоли сиёсӣ дар Қирғизистон бо гирдиҳамоие дар муқобили порлумони ин кишвар хостори муҷозоти президенти пешин Қурманбек Боқиев ва аҳли хонаводаи ӯ шуданд. Онҳо ҳамчунин талаб карданд, ба ширкаткунандагони тазоҳуроти Талас ва Бишкек дар 6-ум ва 7-уми апрели соли равон, ки ба сарнагунии президент Боқиев замина гузошт, унвони Қаҳрамони Қирғизистон дода шавад. Дар ҳамин ҳол додситонии шаҳри Уш хабар додааст, ки бо иттиҳоми ангехтани хушунатҳои байниқавмӣ дар ҷануби Қирғизистон зиёда аз 1000 нафар боздошт ва 1300 парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Шумораи кушташудагони ин хушунатҳо расман 316 нафар шумурда мешавад.