Имрӯз Додгоҳи олии Тоҷикистон Абдурасул Мирзоев, бародари фармондеҳи собиқи горди раёсатҷумҳурии Тоҷикистон Ғаффор Мирзоевро ба 30 соли зиндон маҳкум кард. Абдурасул Мирзоев ба ҳифзи ғайриқонунии таслиҳот, таҳияи табаддулоти давлатӣ, ғоратгарӣ ва гаравгонгирӣ муттаҳам мешуд. Саидҷон Одинаев, вакили мудофеъи ӯ гуфт, ки додгоҳ аз ин шумор се иттиҳоми марбут ба ғоратгарӣ ва гаравгонгириро аз айбнома ҳазф кард. Абдурасул Мирзоев, ки соли 2004 дар пайи боздошт ва ба ҳабси умрбод маҳкум шудани бародараш Ғаффор Мирзоев ба Имороти Муттаҳидаи Араб фирор карда буд, моҳи январ аз боздошт ва ба Душанбе истирдод шуд. Мақомот мегӯянд, боздошт ва истирдоди ӯ бо кӯмаки Интерпол муяссар шудааст.
Мақомоти Тоҷикистон қаблан се корхонаи марбут ба Абдурасул Мирзоев - корхонаи гӯшти шаҳри Душанбе, тарабхонаи “Ҷоми Ҷамшед” ва мағозаи “Кооператор” дар шаҳри Кӯлобро давлатӣ карданд.
Мақомоти Тоҷикистон қаблан се корхонаи марбут ба Абдурасул Мирзоев - корхонаи гӯшти шаҳри Душанбе, тарабхонаи “Ҷоми Ҷамшед” ва мағозаи “Кооператор” дар шаҳри Кӯлобро давлатӣ карданд.