Ҳалокати 38 нафар дар садамаи роҳи оҳани Ҳинд

Бино бар хабарҳои матбуоти Ҳиндустон, бар асари садамаи ду қатори роҳи оҳан дар шарқи ин кишвар, ба камияш 38 нафар кушта ва чандин тан захмӣ шудаанд. Садама дар субҳи рӯзи душанбе, дар ҳоле ба амал омадааст, ки қатори тезрав ба қатори дигаре, ки дар истгоҳи Саинтия, дусадкилометрии Калкутта интизор будааст, бархӯрдааст.