Таърихи оғози хуруҷи нерӯҳо аз Афғонистон бетағйир аст

Ноиб-президенти Иёлоти Муттаҳида, Ҷо Байден мегӯяд, арзёбии самарбахшии ирсоли нерӯи иловагӣ ба Афғонистон ҳанӯз зуд аст. Вай афзуд, раванди такмили нерӯҳо дар Афғонистон, ки шаш моҳ пеш сар шуда буд, моҳи август ба поён мерасад ва дар ҳоле ки раванд идома дорад, наметавон натиҷаи онро баррасӣ кард. Байден ҳамчунин июли соли 2011-ро таърихи дақиқи оғози хуруҷи нерӯҳо аз Афғонистон номид. Ин таърихро қаблан раисиҷумҳури Амрико, Барак Обама муқаррар карда буд.