Аврупо аз Исроил хост, муҳосираи Ғаззаро сабук кунад

Кетрин Эштон, кумиссионери умури хориҷии Иттиҳодияи Аврупо имрӯз зимни боздид аз Навори Ғазза гуфт, Иттиҳодияи Аврупо мехоҳад, то Исроил муҳосираи ин минтақаро сабук кунад. Вай зимни сӯҳбат бо хабарнигорон гуфт, мавқеъи Иттиҳодияи Аврупо возеҳ аст ва аст ва ин ки мардум тавонанд, озодон ҳаракат кунанд ва шоҳиди на танҳо воридот, балки содироти мол аз Ғазза бошанд. Ӯ афзуд: "Ман ба зарурати иҷрои комилу муассири сиёсати Исроил барои беҳбуди зиндагии мардум дар Ғазза ва расидагӣ ба ниёзҳои башарӣ ва тиҷоратии онҳо таъкид кардам. Танҳо бо иҷоза додани воридоти кӯмакҳои башарӣ, вазъи иқтисодии онҷоро беҳбуд бахшида намешавад. Масъала эҳёи иқтисоди маҳаллӣ аст. Барои тағйири бунёдӣ, рушди бунёдии бахши хусусӣ, фаъолияти тиҷорӣ аз ҷумла содироти мол фавқуллода муҳим хоҳад буд." Кетрин Эштон гуфт, ин масъаларо бо Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил дар миён хоҳад гузошт.