Кашфи макони тухмгузории як паррандаи нодир дар Тоҷикистон

Донишмандони Швейтсария дар Тоҷикистон макони тухмгузории яке аз паррандаҳои барои табиатшиносони ҷаҳон ношиносро пайдо кардаанд. Ба гузориши Би Би Си, чакокуи найистон, ки як донаи онро бори аввал дар соли 1867 ёфтанд ва аз соли 2004 то кунун дар ҳеҷ гӯшаи ҷаҳон мушоҳида нашуда буд, дар Вилояти Худмухтори Кӯҳистони Бадахшон кашф шудааст ва дар чаҳор маҳалли вилоят макони тухмгузории онҳоро пайдо кардаанд. Донишмандони Швейтсария мегӯянд, макони наслгузории чакокуи найистон, дар наздикии минтақаи Виздара пайдо шудааст ва барои дақиқ кардани теъдоди ин паррандаҳои хурд пажӯҳишҳои иловагӣ зарур аст.