Гуидо Вестервелле, вазири умури хориҷаи Олмон мегӯяд, бисёре аз аъзои Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо мувофиқанд, ки ба Қирғизистон нерӯҳои пулис аз ин созмон фиристода шавад. Гуидо Вестервелле, дар як ҳамоиши Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар наздикии шаҳри Алмаато ибрози итминон кард, ки пешниҳоди мазкур амалӣ хоҳад шуд”. Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо рӯзи ҷумъа гуфт, бо ҳукумати Қирғизистон мувофиқат кардааст, то як гурӯҳи пулиси ғайримусаллаҳи 52 нафарӣ барои омӯзиш ва кӯмак ба нерӯҳои амниятии Қирғизистон дар чаҳори моҳи оянда ба ин кишвар фиристода шавад. Ин маъмурият дар сурати ризоияти тамоми кишварҳои узв иҷро мешавад. Тоҷикистон аз ин пешниҳод ҳимоят кардааст.