Даъвати додгоҳи Суғд барои ҳамкорӣ

Додгоҳи вилояти Суғд аз хабарнигорон ва мардум даъват кардааст, ки дар ошкор намудани гурӯҳҳои тундрав бо мақомоти интизомӣ ҳамкорӣ кунанд. Ба қавли додгоҳ, теъдоди ин гурӯҳҳо бештар шудааст ва ба амнияти мардум таҳдид мекунад.
Ин даъвати додгоҳ дар ҳолест, ки ба гуфтаи таҳлилгарон, шумори пайравони «Ҳаракати исломии Ӯзбакистон», «Ҳизбуттаҳрир» ва «Салафия» дар ин вилоят афзоиш меёбад.

Тамрингоҳҳои ҲИУ дар Исфара

Наим Мансуров, раиси додгоҳи Суғд гуфт, гурӯҳҳои мисли «Ҳаракати исломии Ӯзбакистон» дар ноҳия Исфара чандин сохтмонҳо барои тамрину машқҳои низомии худ сохта будаанд: «Шуморе аз гурӯҳҳои ифротгаро дар ноҳияи Исфара дар назди сохтмонҳои шахсӣ ба машқу тамринҳо мепардозанд ва барои амалиётҳои худ омодагӣ мегиранд. Барои ҳамин мо барои пешгирӣ кардан аз афроди ҷиноятпеша дар якҷоягӣ бо мардум ва бо кормандони васоити ахбори омма мубориза бояд барем».

Вай гуфт, ҳаракат ва нишасту бархости гурӯҳҳо ё афроди ношисони шубҳабарангез дар деҳот, дар масҷидҳо ва ҷойҳои дигари ҷамъиятиро пеш аз ҳама бояд мардуми ҳамон мавзеъ мебинанд. Аз ҳамин хотир мақомоти интизомӣ тақозо мекунанд, ки шӯъбаҳои умури дохиларо дар ҷараён гузоранд ва маълумот диҳанд.

Бархе аз коршиносони ба ин назаранд, ки муносибати Тоҷикистону Ӯзбакистон ба сардӣ гароидааст ва имкони аз мавзеъҳои марзӣ ворид кардани ҷосусҳо вуҷуд дорад. Илова бар ин вазъи Қирғизистони ҳамсоя низ ҳануз комилан ором нест, ки мақомоти амниятии Тоҷикистонро нигарон кардааст.

Хабарнигор Абдувосит Салимзода дар ин робита мегӯяд: «Ҳаводиси ахири Қирғизистон минтақаро нигарон кардааст. Албатта чунин вазъ то андозае нигаронии кормандони ҳифзи ҳуқуқ дар кишварро ба вуҷуд овардааст ва бо ҳамин роҳ мақомот ҳам мехоҳанд бо мардум иртиботи худро устувор созанд, то чунин ҳодисаҳо дар кишвар ҳам рӯх надиҳад».

Вокуниши мардум ба даъвати додгоҳ

Мардуми оддӣ ба хотири амну субот ҳамкорӣ бо мақомоти интизомиро дар фош намудани афроди шубҳабарангез ва гурӯҳҳои тундгаро роҳи дуруст мешуморанд. Саидҷон Ҳошимов, як сокини оддии Хуҷанд, мегӯяд: «Мо одатан дар замин кор карда, рӯзимонро аз пушти кори замин дарёфт мекунем. Албатта агар сокиноне, ки дар даст яроқ доранд ва ё симояшон шубҳаовар ба назар расад, ба милиса хабар медиҳем, то ки онҳо вазъиятро бад насозанду ҷангро сар накунанд».

Аммо ба назари Алиҷон Самадов, коршиноси тоҷик, барои ҷилавгирӣ намудан аз ноамниҳо худи кормандони интизомӣ заъф доранд ва дар ҳамкорӣ бо ҷомеа фаъол нестанд, зеро ба қавли ӯ, чанд омиле ҳаст, ки мардумро барои ҳамкорӣ бо кормандони умури дохилӣ дилсард намудааст:

«Дар Тоҷикистон ва умуман кишварҳои соби Шӯравӣ, вуҷуди ришва дар ин сохторҳои қудратӣ бештар ба назар мерасад. Дигар ин масъалаи хешутаборбозӣ аст, ки ҳар яке аз кормандони чунин ташкилотҳо бештар наздикони худро ба кор ҷалб мекунанд. Албатта оқибати ин ба он оварда мерасонад, ки онҳо аз ӯҳдаи кору вазифаҳои худ баромада наметавонанд».

Наим Мансуров, раиси додгоҳи Суғд, мегӯяд, тӯли шаш моҳи соли ҷорӣ ҷорӣ парвандаи 4 узви гурӯҳи «Ҳаракати исломии Ӯзбакистон», ки сокинони ноҳияи Исфара мебошанд, баррасӣ кардааст. Додгоҳи шаҳри Хуҷанд 12 нафарро бо ҷурмӣ ҳамкорӣ бо созмони мамнӯи «Ҳизбуттаҳрир» аз озодӣ маҳрум кардааст.