Таъхири вуруди агрегати нерӯгоҳи «Помир-1»

Вуруди агрегати чаҳоруми нерӯгоҳи барқи обии «Помир-1», ки дар Ҳиндустон сохта шудааст, ба таъхир афтодааст.
Ба иттилои мутахассисони «Помир энержӣ» ахиран қарор буд, ки агрегат тавассути қаламрави Чин ҳануз моҳи апрел ба Бадахшон мерасид, аммо ширкати ҳиндии истеҳсолкунандаи дастгоҳ аз интиқоли он тавассути Чин ба Тоҷикистон худдорӣ варзидааст.

Ба гуфтаи сардори департаменти банақшагирӣ ва амалисозии лоиҳаҳои «Помир энержӣ» Қурбоналӣ Сабзалиев, ширкати ҳиндӣ тибқи қарордод, агрегатро аз Ҳиндустон ба бандари Аббоси Эрон интиқол дода, аммо ҳаводиси ахири Қирғизистон монеи овардани агрегат ба ҷойи таъиншуда гардидааст.

Сардори департамент гуфт, ки аммо ахиран бо эътидоли авзоъ дар кишвари ҳамҷавор як ширкати эронӣ масъулияти интиқоли агрегатро бар душ гирифта, акнун агрегат тавассути қаламрави Узбакистон ва шаҳри Уши Қирғизистон ба Помир мерасад.

Сардори департамент харобии роҳҳои нақлиётии Душанбе–Хоруғ ва тавони ками борбардории пулҳодар ин масир ро сабаби вуруди ин агрегати қариб 40-тоннаи ба воситаи роҳҳои нақлиётӣ аз Қирғизистон арзёбӣ намуд.

Вай гуфт, ки аммо қаблан бархе аз сомони барқии мутааллиқ ба ширкати «Помир энержӣ», ки барои бунёди хутути барқ дар вулусволии Шуғнони Афғонистон харидорӣ шуда буд, дар қатори дигар борҳои ҷумҳурӣ ба муддати се моҳ дар Узбакистон гир монда, пасон раҳо шуд.

Ба гуфтаи сардори департамент, бо вуруд ва насби агрегати чаҳорум оқибатҳои садамаи моҳи феврали 2007-ум дар нерӯгоҳи «Помир-1» пурра бартараф ва иқтидори лоиҳавии нерӯгоҳ - 28 ҳазор киловатт - барқарор мегардад.