Дар Доғистон дар роҳи оҳан баме мунфаҷир шудааст

Дар ҷумҳурии Доғистон дар роҳи оҳан баме мунфаҷир шудааст ва ба локомотиву ду мошини канори роҳ осеб расондааст. Бино ба хабарҳо, ин инфиҷор талафоти ҷонӣ дар пай надоштааст. Қатор аз Махачқалъа ба сӯи Дарбанд ҳаракат мекардааст. Муҳандисон ва бозрасон расидагӣ ба ҳодисаро идома медиҳанд.