Созмони Дидбони ҳуқуқи башар ё Ҳюман райтс вотч имрӯз аз боздоштҳои худсарона ва шиканҷаи узбактаборон дар ҷануби Қирғизистон ҳушдор дод ва гуфт, ин раванд метавонад, мавҷи нави хушунатҳои байниқавмиро ба вуҷуд орад. Дар изҳороти Ҳюман райтс вотч гуфта мешавад, дар талошҳои давлат ба таҳқиқи хушунатҳои моҳи гузашта ва муҷозоти гунаҳкорон узбактаборон зиёда аз ҳад ва ғайримутаносиб боздошт мешаванд. Ҳамчунин аз шиканҷа дидани даҳҳо боздоштшуда гузориш шуда, хешу наздикони онҳо мавриди таҳдид ва ҳамлаи полис қарор ёфтаанд. Дидбони ҳуқуқи башар мегӯяд, эътирофҳое, ки аз роҳи шиканҷа ба даст омадаанд, сабаби нобоварӣ ва хушунатҳои нав мешаванд. Дар задухӯрди байни қирғизҳо ва узбакҳо дар ҷануби Қирғизистон аввалҳои моҳи гузашта садҳо нафар кушта ва даҳҳо ҳазор нафар ба фирор аз маҳалли зисти хеш маҷбур шудаанд.