Исроил киштии роҳӣ ба Ғаззаро бадрақа мекунад

Исроил мегӯяд, размновҳои он киштиеро, ки аз Либия ба минтақаи муҳосирашудаи Ғазза равон аст, бадрақа мекунанд. Ин киштӣ зери парчами Молдова дар 120-километрии соҳили Ғазза дар обҳои байнулмилалӣ дармондааст ва гуфта мешавад, мушкили фаннӣ дорад. Исроил гуфтааст, киштиро ба ақиб мегардонад ва ё ғасб мекунад, аммо намегузорад, он ба Ғазза ворид шавад. Бино бар хабарҳо, нохудои киштӣ тасмим гирифтааст, дар бандари Ал-Ариши Миср лангар афканад. Ташкилкунандагони либиягии сафари киштӣ бо маводи башардӯстона, як созмони таҳти раҳбарии Сайфулислом Қаззофӣ, писари раҳбари Либия, Муаммар Қаззофӣ пойфишорӣ доранд, ки киштӣ вориди Ғазза шавад.