Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико гуфт, бамгузориҳои Уганда, ки 74-нафарро кушта ва 70 нафари дигарро маҷруҳ бар ҷой гузошт, собит месозад, ки гурӯҳҳои террористӣ, аз қабили гурӯҳи ал-Шабоб ва ал-Қоида ба ҳаёт дар Африқо арзише қоил нестанд. Дар мусоҳибае бо Ширкати Барномаҳои Африқои Ҷанубӣ, ки қарор аст имрӯз пахш шавад, Обама гуфт, ин созмонҳои террористӣ ба ҳаёт дар Африқо эҳтиром намегузоранд. Обама афзуд, гурӯҳҳои терроистӣ дар симои Африқо ҷоеро мебинанд, ки метавонанд дар он ҷанги ақидатии худро пеш бибаранд ва бидуни дарназардошти оқибатҳои ояндаи он мардуми бегуноҳро барои бартарии кӯтоҳмуддати тактикии худ қурбон мекунанд.