Русия марказҳои радари худро таҷдид мекунад

Бино ба хабари Итар-ТАСС-и Русия, ин кишвар мехоҳад дар чаҳорчӯбаи ҳамкориҳои низомиву техникӣ бо кишварҳои мустақили муштаракулманофеъ марказҳои радари худро дар Тоҷикистону Қирғизистон таҷдид кунад. Дар чаҳорчӯбаи ин тадбир Русия ба ин марказҳо таҷҳизот ва қисмҳои эҳтиётӣ ворид мекунад. Марказҳои радари Р-18 дар ин ду кишвари Осиёи Марказӣ таҷдид хоҳанд шуд. Русия мегӯяд, барои таҷдиди таҷҳизоти чунин марказҳо аз Узбакистону Арманистон ва Беларусу Қазоқистон низ дархост гирифтааст.