16-ӯми июл вазирони Фаронсаву Олмон ба Қирғизистон мераванд

Қарор аст 16-ӯми июл вазирони корҳои хориҷаи Фаронса ва Олмон аз минтақаи нооромиҳои қавмӣ дар Қирғизистон боздид кунанд. Дар ин бора сухангӯи вазорати корҳои хориҷаи Олмон хабар додааст. Бернард Кучнер-вазири хориҷаи Фаронса ва Ҷуйдо Вестервелле-вазири хориҷаи Олмон дар остонаи тасмими Иттиҳодияи Аврупо роҷеъ ба кӯмак ба Қирғизистон аз шаҳри Ӯш боздид ва бо Роза Отунбоева-раиси ҷумҳури Қирғизистон мулоқот мекунанд.