Пешнависи қонуни Тоҷикистон дар бораи тарбияи фарзанд

Дар Тоҷикистон пешнависи қонун дар бораи масъулияти волидайн барои тарбияи фарзанд омода мешавад. Вазорати маорифи Тоҷикистон бо дстури раиси ҷумҳур пешнависи ин қонунро таҳия мекунад. Абдуҷаббор Раҳмонов-вазири маорифи Тоҷикистон ба рӯзноманигорон гуфт, ҳоло падару модарон тарбияи фарзандро масъулияти мактаб медонанд, вале худи онҳо низ бояд масъулият дошта бошанд.