Эҳтимол меравад, парвандаи бевазане, ки дар Эрон бо ҷурми зино ба сангсор маҳкум шудааст, аз нав баррасӣ шавад. Ин дар ҳолест, ки ҳукми сангсори Сокина Муҳаммад Оштиёнӣ, зани 43-сола ва модари ду фарзанд эътирозҳои байнулмилалиро ба дунбол доштааст. Вакили мудофеи хонуми Оштиёнӣ Муҳаммад Мустафавӣ мегӯяд, вай хушбин аст, ки бознигарии парванда ба "кобусҳои чандинсолаи Оштиёнӣ аз эҳтимоли марг дар сангсор" хотима хоҳад дод. Вале созмонҳои ҳуқуқи башар ҳамоно нигаронанд, ки ҳукми эъдом бо чораи дигаре амалӣ хоҳад гашт.Афви Байнулмилал мегӯяд, се маҳкумшудаи сангсор соли гузашта дар Эрон ба дор кашида шуданд.