Имрӯз 15-умин солгарди куштори 8 000 мард ва писари мусулмон аз тарафи сербҳои Боснист, ки бо номи куштори дастҷамъонаи Сребренитса маъруф мебошад. Ҳамроҳ бо расми ёдбуд маросими дафни 775 нафаре низ баргузор мешавад, ки ҳувияти онҳо ахиран шиносоӣ шудааст. Аз онҳо 771 нафарашон босниягӣ ва 1 нафар хорват мебошанд. Ҷамъан то ҳоло ҳувияти 3 749 нафар маълум шудааст. Президентҳои Сербия ва Хорватия ва ҳамчунин сарвазири Туркия дар ин маросим ширкат хоҳанд кард.