Вазири умури хориҷии Хорватия мегӯяд, Босния, Хорватия ва Монтенегро эҳтимоли ширкати дастаҷамъонаи худро дар амалиёти таҳти сарварии НАТО дар Афғонистон баррасӣ мекунанд. Ин изҳороти Гурдон Яндрокович пас аз мулоқоти ӯ бо ҳамтоёнаш аз Албания, Босния, Мақдуния ва Монтенегро садо дод. Вай афзуд, кишварҳо мақсад доранд, омӯзгорони ҳарбии худро ба ҳайати нерӯҳои Хорватия дар Афғонистон шомил кунанд.Ҳоло 320 сарбоз ва афсари Хорватия дар Афғонистон хидмат мекунанд.