Боздиди Эмомалӣ Раҳмон аз вилояти Суғд

Ин навбат сафари кории раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд на аз Хуҷанд, балки аз минтақаи Зарафшон шурӯъ шуд. Субҳи 9-юми июл, рӯзи дуюми сафар, ҷаноби Раҳмон бо ифтитоҳи як мактаби нав дар деҳаи наймани ноҳияи Истаравшан оғоз ёфт.
Кӯҳистони Мастчоҳ, Айнӣ, Шаҳристон, Хуҷанд – харитаи ин сафари ҷаноби Раҳмон қад–қади роҳи Душанбе–Бӯстон, ягона роҳи нақлиётии байни ҷануб ва шимоли Тоҷикистон, то андозае мавзӯъҳои аслии ин боздиди ӯро бозгӯ мекунад.

Тарҳҳо барои водии Зарафшон

Зарафшон минтақаест, ки ҳанӯз ба шабакаи ягонаи энергетикии Тоҷикистон пайваст нашудааст ва нерӯи барқро аз Узбакистон ба арзиши 4 сент барои 1 кВт/соат мехарад. Барои ҳалли ин мушкил хатти барқи Хуҷанд–Айнӣ-220 кашида хоҳад шуд, ки сохтмони онро ширкати ТВЕА-и Чин баъд аз як сол ба анҷом мерасонад.

Ҳамчунин, роҳи Душанбе–Бӯстон, ки шимолу ҷануби кишварро васл мекунад, дар ин минтақа ва анҷоми нақби 5-километрӣ аз гарданаи Шаҳристон такмил хоҳад ёфт.

Анҷоми ин ду иншоот Тоҷикистонро аз қайди роҳу шабакаи барқи Узбакистон раҳо карда, инчунин, ба гуфтаи раисҷумҳур Раҳмон, заминаҳои ҷалби сармоя ва рушди саноат дар минтақаи Зарафшонро фароҳам хоҳад сохт. Вай афзуд, таҷдиди корхонаи кони ангишти кокси Фон–Яғноб, яке аз ду корхонаи калони саноатии ин минтақа, барои 200 кас ҷойи нави корӣ фароҳам хоҳад кард. Ҳукумати Тоҷикистон тарҳи бунёди як нерӯгоҳи барқии ҳароратӣ бо ангишти ин корхонаро дар назар гирифтааст.

То кунун 4 километр аз нақби 5-километрии Шаҳристон бо сармояи Чин канда шуда, ба истифода додани он ба тирамоҳи соли 2001 тарҳрезӣ шудааст.

Минтақаи афсонавӣ ва ... ақибмонда

Ҷаноби Раҳмон ҳамчунин гуфт, рушди туризм ва ҷаҳонгардӣ минтақаи Зарафшонро, бо Искандаркӯл, водии Яғноби афсонавӣ ва чашмасорони шифобахшу табиати форам ба як ҷойи диданӣ барои саёҳон табдил дода ва хазинаи маҳаллиро ғанӣ гардонида метавонад.
Аммо дар ҳоли ҳозир рушд накардани саноат ва кишоварзӣ, набуди роҳҳои нақлиётии замонавӣ ва норасоии шадиди нерӯи барқ Зарафшонро дар радифи минтақаҳои аз нигоҳи иқтисодӣ ақибмондаи Тоҷикистон гузоштааст. Қисми зиёди мардони қобили кори ин маҳал, хусусан ноҳияи Айнӣ, рӯзии худро аз мардикорӣ дар Русия ба даст меоранд.

Зимнан, дар ҷараёни мулоқотҳои раисҷумҳур Раҳмон бо сокинони ин маҳал, ки шабакаи давлатии телевизиони Тоҷикистон намоиш медод, чеҳраҳои мардони ҷавон хеле кам дида мешуданд.

Хомӯшии мардум аз мушкилоти рӯзгор

Мардуми калонсоли минтақа, ки бо раисҷумҳур имкони гуфтугӯ доштанд, танҳо шукр мегуфтанд, аз раисҷумҳур ситоиш мекарданд ва ҳарфе аз мушкилоти рӯзгори мардуми оддӣ бар забон намеоварданд.

Коршинос Тилав Расулзода гуфт, дар Тоҷикистон чунин расм шудааст, ки раисону мансабдорони шаҳру навоҳӣ бо ҳар роҳ мекӯшанд сокинони оддӣ бо раисҷумҳур ва раҳбарияти дигари кишвар дидор карда, озодона гуфтугӯ ва саволу мушкилиҳои худро баён карда натавонанд.

Маркази хабарии ҳукумати Суғд мегӯяд, сафари раисҷумҳур Раҳмон рӯзи якшанбеи 11–уми июл дар Хуҷанд бо баргузории ҷаласаи натиҷагирӣ аз рушди вилоят хотима хоҳад ёфт.