Саргузашти талхи Рустам

Шумораи навбатии барномаи «Садои ҳамватан» ба мавзӯи сарнавишти Рустам Ҷабборов, як шаҳрванди Тоҷикистон, бахшида шудааст, ки баъд аз 28 соли гумшавӣ дар Шарқи дури Русия пайдо шудааст.
Рустам Ҷабборов кист ва чаро дар ин муддат аз худ дарак надод? Модари 78-солааш дар ноҳияи Рӯдакии Тоҷикистон хабари пайдо шудани писарашро чӣ тарз истиқбол кард? Шумо дар ин барнома ҳам садои гиряолуди модари зор ва ҳам садои пурдарди писари пазмонро мешунавед, ки ба воситаи барномаи "Садои Ҳамватан"-и радиои Озодӣ ба якдигар паём мефиристанд ва ба умеди дидори якдигаранд. Вале ин кор ҳоло имкон надорад.

Мо ҳамчунин роҳҳои баргардонидани Рустамро бо сафорати Тоҷикистон дар Маскав ва ҳам бо яке аз ҷамъиятҳои тоҷикони муқими Русия дар миён гузоштем.

Қиссаи нопадидшавии Рустам

Рустам дар солҳои Шӯравӣ аз Тоҷикистон баромадааст. Дар солҳои хидмати аскарӣ дар минтақаи Хабаровски Русия Рустам ба духтари рус ошиқ мешавад. Баъди хидмат ба Тоҷикистон бармегардад, вале ишқи духтар ӯро дубора ба Русия мебарад.

Меҳри модарӣ наметавонад садди роҳ шавад ё шояд Рустам бовар надошт, ки маҳрумият аз дидори модар ва бародару хоҳар ин қадр тӯл мекашад. Ҳатто падар дар орзӯи дидори писар аз олам чашм пӯшид.

Бо вуҷуди ин ки ҳамсояҳо ва хешовандон мегуфтанд, ки Рустам дигар зинда нест ва ба истилоҳ "Оши худоӣ"-и Рустамро диҳанд, вале модар хоб медид, ки писараш зинда аст ва рӯзе мисли қаҳрамони афсонаҳо бо ашки шодӣ дар чашм аз дар медарояд. Шояд он рӯз наздик шудааст.

Худи Рустам низ умеди бозгашт ба ватан ва расидан ба дидори модарро аз даст дода буд. Сабабҳои ин ҳама саргардониҳо чӣ буд?

Дар ҷустуҷӯи Рустами гумшуда

Барномаи "Садои Ҳамватан"-и радиои Озодӣ қадам ба қадам ҷустуҷӯи Рустамро идома дод ва вайро дар Хабаровский Край, дар шӯрои деҳоти Сергеевка, кӯчаи Партизанская пайдо кард, шахсеро, ки 28 соли пеш аъзои хонаводааш гум карда буданд ва ӯро ҳатто даргузашта мепиндоштанд.

Дар оғоз ҳамкори мо Сафаргули Олимӣ дар шаҳри Душанбе ба дидори модар Анварой Ҷабборова рафт ва бо вай дар ноҳияи Рӯдакӣ ба гуфтугӯ нишаст. Мо дар ҷустуҷӯи Рустам Ҷабборов бо ин иктифо накардем ва ҷӯстуҷӯро идома додем.

Дар аснои ҷустуҷӯ мо дар минтақаи Хабаровск шахсеро бо номи Василий Сезик пайдо кардем, ки Рустамро хуб мешинохт ва нисбат ба вай муносибати хайрхоҳона дошт. Мо бо худи Рустам низ як мусоҳиба анҷом додем.

Аз садои Рустам ва сӯҳбатҳояш ба хубӣ эҳсос мешавад, ки қалби вай пурдард аст ва намехоҳад садои дардолуди вайро модар бишнавад ва бигӯяд, ки писараш ба чунин нотвонӣ расидааст, то ба андозае, ки барои бозгашт ба ватан наметавонад барои худ ҳуҷҷат дуруст кунад. Шояд чунин ҳам ҳаст. Шикастҳову маҳрумиятҳо вайро ба навмедӣ расондааст ва вай худро дар ғарибӣ бесоҳиб мепиндорад.

Вокуниши сафорат ва ҷамъияти тоҷикон

Вале вақте, ки мо ба ҷамъияти "Муҳоҷирони кории тоҷик" дар Маскав ва сафорати Тоҷикистон дар Русия занг задем ва вазъро барояшон бозгӯ кардем, онҳо омодаи кӯмак ба Рустам Ҷабборов шуданд.

Нисбат ба сарнавишти модари Рустам Анварой Ҷабборова ва худи Рустам сафоратхонаи Тоҷикистон дар Маскав низ бетараф набуд. Онҳо низ изҳори омодагӣ карданд, ки бо назардошти қонунҳои мавҷудаи Русия ва Тоҷикистон ба вай кӯмак хоҳанд кард.

Вале як нуктаро ин ҷо мехоҳам ёдовар шавам, ки тибқи қонуни Тоҷикистон дар сурати 5 сол ворид нашудан ба қаламрави Тоҷикистон ҳар шаҳрванд метавонад шаҳрвандиашро аз даст диҳад. Вале Рустам Ҷабборов ҳеҷ гоҳ шаҳрванди Тоҷикистони мустақил ё имрӯзӣ набудааст. Ва агар сафорат ё ҷамъиятҳои тоҷикон ба вай кӯмак кунанд, он танҳо иқдоми хайрхоҳонаву башардӯстона хоҳад буд.

Мо саъй кардем дар ин шумораи барнома шуморо аз қиссаи модари писаргумкарда то ба Шарқи Дури Русияву сафорати Тоҷикистон бибарем. Шояд касе пайдо шавад ва бигӯяд, ки ин ҷустуҷӯҳо чӣ арзиш дошт, ки радиои Озодӣ худро бо он масруф мекунад. Мо дар посух мегӯем. Худро як лаҳза дар ҷои ҳамин модари ғамдида, вале акнун баъд аз пайдо шудани писараш болидахотир ва дар ҷои ҳамин писари навмеди вай Рустам пиндоред.

Агар ҷустуҷӯҳои радиои Озодӣ натиҷа диҳад ва модар писарашро ба оғӯш кашад, чӣ коре савоб хоҳад шуд. Аммо ёдовар мешавам, ки шояд Рустам бо чунин сарнавишти ноҳинҷори худ танҳо нест, шояд касони дигаре ҳам ҳастанд, ки умеди дидор дар вуҷудашон кайҳҳо мурдааст. Ин намуна нишон медиҳад, ки умедро дар ҳар ҳолат набояд аз даст дод ва мо дар барномаҳои баъдии худ сарнавишти Рустамро аз ёд нахоҳем бурд.